Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Standard & Poor's рутбаи Испониёро поин бурд


Муассисаи рутбасанҷии Standard & Poor's, рутбаи эътибори иқтисодии Испониёро ду банд поин бурд, ки маънии заъифтар шудани тавоноии ин кишвар дар бозгардонидани қарзҳояшро дорад. Ба гуфтаи Standard & Poor's, рукуди давомдори иқтисодӣ, бекории зиёд, норизоиятии иҷтимоӣ, дастҳои ҳукумати Испониё барои рафъи буҳрони молиро бастааст. Ҳоло рутбаи қарзии Испониё дар ҳадди BBB расидааст, ки маънии он кишвари начандон мусоид барои сармоягузорӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG