Собиқ раҳбари гурӯҳи амниятии сафорати ИМА дар Либия мегӯяд, дар арафаи ҳамлаи 11-уми сентябри соли равон, ки ҳаёти сафири Амрико дар Либия Крис Стивенс ва се дипломати дигари амрикоиро аз байн бурд, хадамоти амнияти консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозӣ заиф буд. Энрю Вуд ҳангоми арзёбии ин ҳодиса дар Конгресси ИМА гуфт, амният дар давраи хидмати ӯ дар сафорат доимо заиф буд. Вале муовини ёвари котиби давлатии ИМА Шарлин Ламб гуфт, Департаменти давлатии ИМА бар ин назар аст, ки шароити кофӣ барои таъмини амният ташкил шуда буд. Ходимони департаменти давлатӣ бори дигар гуфтанд, ки зоҳиран нақшаи ҳамла дар ҷараёни эътироз бар муқобили филми зиддиисломӣ тарҳрезӣ шудааст. Баъзеҳо тахмин кардаанд, ки ҳамларо гурӯҳҳои ҳампаймони созмони террористии ал-Қоида амалӣ кардаанд.