Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду гумонбари терроризм дар Ҳитроу


Дар фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон шоми сешанбе ду нафари гумонбар дар робита бо террористон боздошт шуданд. Ба иттилои полис, зану марди 26-сола аз Миср вориди Лондон шуда буданд.

Ин боздошт дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи пуштибонӣ аз фаъолияти террористҳо дар Сурия ва сафарҳо ба он кишвари гирифтори ҷанги дохилӣ сурат гирифтааст.

Мақомоти тафтишотӣ хабар доданд, ки зимни таҳқиқи ин парванда ҳамчунин ду манзил дар шарқи Лондонро мавриди кофтукоб қарор доданд.
XS
SM
MD
LG