Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Редҷо-ди-Калабрия зери нуфузи мафия нахоҳад буд


Дар Италия 30 тан аз аъзои шӯрои шаҳрӣ ва мири шаҳри Редҷо-ди-Калабрия, воқеъ дар ҷануби кишвар, бо гумони робитаи эҳтимолӣ бо мафия аз мақомҳояшон барканор шуданд. Тасмим дар ин бора баъд аз он гирифта шуд, ки чанд узви шӯроро дар робита бо синдикати ҷиноии “Ндрангета” гумонбар донистанд.

Анна Мария Канселияри, вазири умури дохилии Италия, изҳор намуд, ки мақомоти кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳкими нуфузи мафия дигар амалдоронро ҳам ихроҷ карданд. Ба иттилои Би-Би-Си, то интихоботи наздиктарин, ки баъди якуним сол баргузор мешавад, ҳукумати Италия чаҳор комиссарро масъули идораи шаҳри Редҷо-ди-Калабрия таъин намуд.
XS
SM
MD
LG