Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи додгоҳии “Ампаро” дар Хуҷанд


Аъзоёни созмони "Ампаро" дар даромадгоҳи додгоҳи шаҳри Хуҷанд.
Аъзоёни созмони "Ампаро" дар даромадгоҳи додгоҳи шаҳри Хуҷанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 10-уми октябр ба Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро” барои созиш 9 рӯз мӯҳлат таъйин кард.

Хуршеда Раҳимова, муовини роҳбари созмони "Ампаро" гуфт, ҳамчунин додгоҳ ба ҷонибҳо эълон кардааст, дар муддати таъйиншуда дархосту хоҳиш ё шоҳидони нави худро метавонанд ба додгоҳ пешниҳод кунанд. “Вале додгоҳ имрӯз ягон талаби ҷонибҳоро ба баррасӣ нагирифт.” - афзуд вай.

Раёсати адлияи вилояти Суғд даъво дорад, ки Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” тартиб ва қоидаҳои сабти ном ва фаъолияти созмони ҷамъиятиро нақз кардааст. Ба гуфтаи Дилафрӯз Тоҷибоева, сармутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд, созмони “Ампаро” дар фаъолияти худ ба қонуншиканиҳои ҷиддие, мисли табдили суроғаи ҳуқуқӣ, фаъолият дар берун аз ҳудуди пешбинишуда, таъсиси саҳифаи интернетӣ ва нашри мақолаҳо роҳ додааст.

Омодасозии даъвои Раёсати адлия алайҳи созмони “Ампаро” барои баррасӣ аз ҷониби Сафаралӣ Қурбонов, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд дар утоқи кории вай сурат гирифт, вале ба ҷуз ҷонибҳои даъвогар, касеро ба он раҳ надоданд. Пас аз анҷоми омодасозӣ низ, додрас хоҳиши хабарнигорон барои суҳбатро рад кард.

Моҳи майи соли ҷорӣ Раёсати адлияи вилояти Суғд асноди пешниҳодии Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” дар Хуҷанд ҷиҳати сабти номи такрорӣ ва табдили мақоми ин созмон ба як созмони ҷумҳуриявиро рад кард ва дар навбати худ ба додгоҳ даъво овард, ки фаъолияти ин созмон қатъ карда шавад.

Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро”, мақомоти Раёсати адлия ба онҳо 6 моҳ муҳлати қонунӣ барои ислоҳи камбудҳо надод, ки ин худ поймол кардани муқаррароти қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ аст.

Ба назари Хуршеда Раҳимова, муовини раҳбари созмони “Ампаро”, “Созмони мо асосан ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хидматчиёни ҳарбӣ фаъолият мебарад. Мо бо баргузории назарсанҷиҳо, ҳолатҳои бисёри қонуншиканиҳои мақомот вақти даъвати ҷавонон ба сафҳои артишро ба аҳли ҷомеа расонида, ҳамагонро ба ислоҳи вазъу пешгирӣ аз қонуншиканиҳо даъват кардем. Ба фикри ман, чунин фаъолияти мо ба мақомот хуш наомад, ки ба бастани “Ампаро” иқдом карданд.”

Ҳуқуқшиносони ҷавони созмони “Ампаро”, ки шумораи онҳо беш аз 20 нафар аст, борҳо аз фишори мақомот болои созмони онҳо, аз ҷумла иҷоза надодан ба ифтитоҳи лагери тобистона барои даъватшавандагон, сарзаниши мақомот барои мулоқоту суҳбат бо хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ дар мавзӯи хидмати аскарӣ, сару садо баланд карданд. Изҳороти онҳо алайҳи даъвоҳои Раёсати адлия, моҳи июл дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” баҳсҳои пуршӯреро ба ҳамроҳ дошт.

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” соли 2005 ташкил ва сабти ном шуда, дар вилояти Суғд амал мекунад. Ин созмон асосан ҳимояти ҳуқуқии даъватшавандаҳо ба сафи артиш ва хидматчиёни ҳарбӣ, кӯдакони ятиму бепарастор ва маълулро ҳадаф қарор додааст. Адои хидмати алтернативӣ ба ҷойи хизмати ҳатмии сарбозӣ, аз пешниҳодҳои аслии “Ампаро” ба давлати Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG