Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи барандагони Ҷоизаи Нобел дар физика эълом шуд


Донишмандони фаронсавӣ ва амрикоӣ, Серж Ҳарош ва Девид Вайнланд барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика эълом шуданд. Фарҳангистони Салтанатии Улуми Шветсия гуфт, ин ду нафар барои корҳояшон дар заминаи андозагирии системаҳои квантумӣ сазовори ин ҷоиза эълом шуданд. Рӯзе пеш аз ин Ҷоизаи Нобел дар бахши тибро Ҷон Гардон аз Бритониё ва Шиня Ямака аз Ҷопон барои таҳқиқоташон дар бораи ҳуҷайраҳои инсонӣ аз они худ карданд. Ҷоизаҳои Нобелро, ки корхонадори швед Алфред Нобел дар соли 1901 таъсис додааст, барои дастовардҳо ҷиҳати расидан ба сулҳ, дар бахшҳои тиб, физика, кимиё, адабиёт, иқтисод ва медиҳанд.
XS
SM
MD
LG