Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Ҳинду Эрон. Се қудрати муҳим барои ҳифзи Афғонистон


"Daily Telegraph" аз Русияву Ҳинд ва Эрон ба унвони се қудрате, ки метавонад дар ҳифзи Афғонистон кӯмак кунанд, ном бурдааст.

Рӯзномаи "Daily Telegraph" Русияву Ҳинд ва Ҷумҳурии исломии Эронро се қудрате донистааст, ки метавонанд дар ҳифзи Афғонистон кӯмак намоянд. Дар ин гузориши "Daily Telegraph" омадааст, ҳангоме ки НАТО нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад, набояд аз талаби кӯмак аз Русия, Эрон ва Ҳинд бим дошта бошад.

Дар ин мақола омадааст, барои масъалаи Афғонистон роҳи ҳалли соддае вуҷуд надорад ва бинобар ҳамин НАТО набояд аз кӯмак хостан аз дигар кишварҳо ҳарос дошта бошад.

Нависандаи ин мақола зимни ишора ба ҳаводиси даҳаи 90-уми қарни гузашта менависад, замоне ки Толибон дар Афғонистон зуҳур карданд, сегонаи Ҳинд, Русия ва Эрон ба мухолифони Толибон, яъне Ҷабҳаи Иттиҳоди Шимол кӯмак мекарданд. Ба қавли ӯ, барои солҳо Амрико талош кард, то монеи дахолати Ҳинд дар Афғонистон шавад, зеро дахолати Ҳинд ҳассосияти Покистонро бар меангезад.

Аз сӯи дигар, Эрон бо вуҷуди адами алоқамандиаш ба Толибон, бар асоси гузоришҳо ба шӯришиён силоҳ медиҳад ва барои онҳо омӯзишро ҳам фароҳам месозад.

Ба бовари муаллифи матлаби "Daily Telegraph", равобити Русия низ бо НАТО пуртаниш аст. Рӯзнома меафзояд, бо ин ҳама, сегонаи Ҳинд, Эрон ва Русия дар ниҳоят манофеи бунёдӣ дар тазъифи Толибон ва босубот шудани Афғонистон доранд.

Дар ҳамин ҳол як гузориши нав ҳушдор медиҳад, ки бо хуруҷи нерӯҳои низомии НАТО ва омода шудани ҳукумати Афғонистон барои ба даст гирифтани масъулиятҳҳои амниятӣ, мумкин аст, Афғонистон ба сӯи як бӯҳрони сиёсии зиёнбор ҳаракат кунад. Ин гузориш аз сӯи Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ, ки қароргоҳаш дар Брюсел аст, таҳия шудааст.

Таҳлилгарони бахши афғонистони ин созмон гуфтаанд, хатари воқеӣ мавҷуд аст, ки ҳукумати Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014, суқут кунад. Ба эътиқоди ин таҳлилгарон, артиш ва нерӯҳои пулиси Афғонистон омодаи ба даст гирифтани масъулиятҳои амниятӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG