Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон ва бойҳо аз Афғонистон мегурезанд


Эҳтимоли бозгашти Толибон ба сари қудрат беш аз ҳама занон ва сарватмандони Афғонистонро нигарон кардааст.

Созмонҳои иҷтимоии афғонҳо мегӯянд, ахиран теъдоди зиёде аз занони таҳсилдида Афғонистонро тарк мекунанд. Селай Ғаффор, мудири созмони “Ёрии башарӣ ба занону кӯдакони Афғонистон” мегӯяд, занони ҷавон ояндаеро барои худ дар кишвар намебинанд. Ҳарчанд онҳо ҳукумати раисиҷумҳур Ҳомид Карзайро ба он айбдор мекунанд, ки натавонистааст, пеши роҳи нақзи ҳуқуқи занон ва бадрафторӣ бо онҳоро гирифта, баробарии ҷинсиро дар кишвар устувор намояд, дар қиёс бо Толибон аксарият вазъи куллиро хуб арзёбӣ мекунанд.

Бино бар пажӯҳиши созмони хайрияи “ActionAid” 86 дарсади занони афғон аз бозгашти ҳокимияти шабеҳи Толибон ҳарос доранд. Аз ҳар панҷ нафари онҳо яке аз таҳдид ба имконияти таҳсили духтараш нигарон аст, аммо 73 дарсади занон мегӯянд, назар ба даҳ сол пеш зиндагии беҳтаре доранд.

Бо омодагиҳо ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 вазъи амниятӣ дар ин кишвар рӯ ба бадӣ ниҳодааст ва дар ҳамлаҳову таркишҳо беш аз ҳама занон кушта мешаванд. Чунончӣ, дар соли 2011 зиёда аз 3020 нафар аз аҳолии осоишта кушта шудаанд, ки бештари онҳо занон будаанд.

Мушовири раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар умури занон Қаҳрамона Кокор мегӯяд, дар гуфтушуниди миёни ҳукумат ва Карзай аслан ба масъалаи ҳуқуқи занон таваҷҷӯҳе намешавад ва ин низ ба нигаронии занон аз ояндаи торик меафзояд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон худро пирӯз эълон мекунанд ва як тоҷир бо номи Холид Аҳмад гуфтааст, бовар дорад, ки “баъди як ҳафтаи берун рафтани Иёлоти Муттаҳида Толибон ҳокимиятро ба даст мегиранд. Фарқ нахоҳад кард, ки мардуми Афғонистон онҳоро мехоҳад ё на.”

Вай коҳиши тиҷорат дар Кобулро ба хуруҷи сармоядорони бузург ва берун рафтани сармояи онҳо бастагӣ медиҳад. Коршиносон нишонаи дигари ин ҳолатро ба коҳиши нархи хонаҳои гаронбаҳо ва қасру кӯшкҳо мебинанд. Онҳо мегӯянд, сарватмандон манзилҳои пурдабдабаи худро мефурӯшанд ва ба хориҷа мекучанд. Онҳо дар оғози солҳои 2000-ум баъд аз ҳамлаи Амрико аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба Афғонистон баргаштанд, дар ин даҳ сол сармояи худро афзоиш доданд ва акнун аз дурнамои вазъ дар ҳаросанд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон бо нашри як эъломия ба муносибати 11-умин солгарди оғози ҳамла ба Афғонистон, иддао кардаанд, ки ИМА ва НАТО дар ҷанг алайҳи онҳо шикаст хӯрдаанд. Дар изҳороти Толибон, ки рӯзи якшанбеи 7-уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, нерӯҳои хориҷӣ бо сари хам Афғонистонро тарк мекунанд. Амалиёти байналмилалӣ дар Афғонистон 7-уми октябри соли 2001-ум шурӯъ шуда буд.

Дар ин муддат эътилофи зери раҳбарии ИМА ба зудӣ ҳукумати Толибонро аз қудрат барканор кард ва дар моҳи майи соли 2011-ум раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома бин Лодинро, ки сарпарасти ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001-ум ба шумор меравад, ба қатл расонд. Нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2014-ум шумораи сарбозонашонро ба қадри қобили мулоҳиза коҳиш диҳанд.

Дар ҳамин ҳол як гузориши нав ҳушдор медиҳад, ки бо хуруҷи нерӯҳои низомии НАТО ва омода шудани ҳукумати Афғонистон барои ба даст гирифтани масъулиятҳҳои амниятӣ, мумкин аст Афғонистон ба сӯи як бӯҳрони сиёсии зиёнбор ҳаракат кунад. Ин гузориш аз сӯи Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон, ки мақараш дар Брюсел аст», таҳия шудааст.

Таҳлилгарони бахши Афғонистони ин созмон гуфтаанд, ки хатари воқеӣ мавҷуд аст, ки ҳукумати Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014, суқут кунад. Ба эътиқоди ин таҳлилгарон, артиш ва нерӯҳои пулиси Афғонистон омодаи ба даст гирифтани масъулиятҳои амниятӣ нестанд. Дар ин гузориш ҳамчунон омадааст, ки нокомии ҳукумати Афғонист дар амри омодагӣ ба баргузории интихоботи мунсифона дар ин кишвар, суботро бештар таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG