Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти сафари Меркелро 6000 афсар таъмин мекунанд


Бинои парламенти Юнон
Бинои парламенти Юнон
Полиси Юнон як амалиёти амниятӣ тарҳрезӣ кардааст, то дар ҷараёни боздиди кантслери Олмон Ангела Меркел аз ҳар гуна нооромӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Сафари имрӯзаи хонум Меркел шаш соат давом хоҳад кард. Полис 6000 афсарро мустақар намуда, дар баъзе минтақаҳо ба ҷамъомадҳои мардумӣ иҷозат нахоҳад дод. Рӯзи душанбе ҳазорҳо узви иттифоқҳои касабаи Юнон дар шаҳри Афина бар зидди сафари Меркел раҳпаймоӣ намуданд. Онҳо парчамҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба коми оташ кашиданд. Дар Юнон бисёриҳо Меркелро бо он муттаҳам мекунанд, ки барномаи коҳиши хароҷотро ба ин кишвари қарздор бор кардааст. Коҳиши хароҷот шарти тақдими қарзҳои байналмилалӣ ба Юнон аст. Олмон нерӯмандтарин иқтисоди Аврупо буда, бахши бузурги қарзи Юнонро таъмин намудааст.Феълан ҳукумати Юнон саъй дорад, қарздиҳандагонро мутмаин кунад, ки барномаи коҳиши хароҷотро иҷро карда истодааст. Агар музокирот бо муваффақият ба анҷом расад, Юнон бахши навбатии қарзи баробар бо 130 миллиард евроро ба даст меорад.
XS
SM
MD
LG