Мақомоти Арманистон вакили маъруфи мухолифин дар парлумонро ба шустушӯи пул айбдор карданд. Вазири собиқи хориҷа Вартан Осканиён имрӯз ба Хадамоти амнияти миллӣ даъват шуда, расман ба истифодаи нодурусти 1,4 миллион доллар кумаки ду сол пеши як сахии амрикоӣ ба бунёди "Тамаддун"-и Осканиён айбдор шуд. Парлумони Арманистон дар ҳафтаи гузашта масунияти Осканиёнро лағв кард. Аммо ӯ ин иттиҳомро “таъқиби сиёсӣ” алайҳи ҳизби худи ӯ ва ҳизби пешрафташ дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда мешуморад.