Имрӯз дастикам 1500 нафар дар шаҳри Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон бо талаби раҳоии се вакили мухолифи парлумон тазоҳурот карданд. Раҳбарони ҳизби Ота-ҷурт Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамитов ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми барангехтани ошӯб дар ҷараёни гирдиҳомоии рӯзи 3 октябр дар Бишкек боздошт шуданд. Ҳудуди 1000 тазоҳургар миллӣ кардани Қумтор – бузургтарин кони тилои кишварро талаб мекард, вале Тошиев эътирозгаронро ба сарнагун кардани ҳукумат даъват кард ва тазоҳурот ба даргирӣ бо пулис печид. Рӯзи ҷумъа замони боздошти ин се вакил то 2 моҳ тамдид шуд.