Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла алайҳи пулиси афғон дар Ҳилманд


Таркиши мошини бомбгузоришуда дар ҷануби Афғонистон дастикам 2 афсари пулисро кушт. Сухангӯи пулиси вилояти Ҳилманд Фарид Аҳмад гуфт, маводи мунфаҷира дар мошине дар назди идораи амният дар маркази ин вилоят – Лашкаргоҳ- насб шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин таркиши субҳи душанбе 3 афсари амниятӣ ва 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин таркиши зӯҳри душанбе 14 мулкӣ, бо шумули занону кӯдакон ва як афсар ҷароҳат бардоштанд. мақомот мегӯянд, ин афроди мулкӣ дар ҳамсоягии идораи амният ба сар мебурданд. Ҳилманд, ки як пойгоҳи Толибон маҳсуб мешуд, маркази амалиётҳои НАТО ва нирӯҳои афғон дар солҳои 2009 ва 2010 буд.
XS
SM
MD
LG