Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири нави Амрико бо Ҳамроҳхон Зарифӣ


Ҳамроҳхон Зарифӣ рӯзи душанбеи 8-уми октябр бо сафири нави Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мулоқот кард. Дафтари матбуотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи душанбе 8 октябр ба «Озодӣ» гуфт, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ сафири ҷадиди Иёлоти Мутаҳида Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт ва эътимодномаи ӯро қабул кард. Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди рушди муносибатҳои Тоҷикистону Амрико изҳори назар кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар таърихи 11-уми апрели соли равон номзадии Сюзан Эллиотро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд. Сюзан Эллиот- дипломати ботаҷриба буда, то ҳол муовинати раҳбарии раёсати кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро дар Департаменти давлатии ИМА бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG