Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин барандагони ҷоизаи Нобел эълом шуданд


Ҷон Гордон ва Шиния Ямаҳака
Ҷон Гордон ва Шиния Ямаҳака
Ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши тиббу физиология ба Шиния Ямаҳака аз Ҷопон ва Ҷон Гардон аз Бритониё дода шуд. Горан Ҳанссон, узви Кумитаи Нобел дар Пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Стокҳолм гуфт: «Анҷумани Нобел имрӯз қарор кард, ки Ҷоизаи Нобели соли 2012 дар бахши физиология ва тибро муштаракан ба Ҷон Гардон ва Шиния Ямаҳака барои ин кашфиёт, ҳуҷайраҳои баркамолро метавон бо барномасозии муҷаддад плюрипотент сохт, бидиҳад.»
Кумитаи Нобел мегӯяд, ин кашфиёт инқилоберо дар фаҳмиши роҳҳои рушди ҳуҷайраву мавҷудот ба бор овард.
Эъломи барандаи ҷоизаи тибб ба ҳафтаи эъломи ғолибони Ҷоизаи Нобел оғоз гузошт. То 15 октябр бояд барандагони ҳамаи 6 ҷоизаи имсола эълон шаванд. Ин ҷоизаро, ки маблағаш имсол ба далели буҳрони молӣ то 1,2 миллион доллар кам шуд, олими маъруфи швед, кашшофи динамит Алфред Нобел таъсис дода, он бори аввал соли 1901 эъто шуд. Маросими эътои ҷоизаҳо 10 декабр, дар рӯзи фавти Нобел дар соли 1896 доир мешавад.
XS
SM
MD
LG