Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомии Русия як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро дар қатли Олга Ермакова муттаҳам мешуморанд.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, ҳоло мақомоти ин кишвар санади дархост барои истирдоди Далер Ватанов аз Тоҷикистон ба Русияро омода мекунанд. Мақомоти интизомии Русия ин шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро дар қатли Олга Ермакова муттаҳам медонанд, ки аз моҳи август боз бедарак буд.

Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии вилояти Саратов гуфтааст, рӯзи 6-уми октябр ҳангоми кофтукоби ҳавлии Ермакова дар деҳаи Котоврас ҷасади ӯ бо нишонаҳои зарбу лат пайдо шудааст. Ба қавли онҳо, қотил Ермаковаро кушта, сипас дар ҳавлиаш гӯр кардааст.

Моҳи сентябр писари панҷсолаи Ермакова -- Даниил Ермаковро дар назди ҷангали канори шаҳри Екатеринбург ёфта буданд. Тибқи маълумоти муфаттишон, Олга Ермакова ҳамроҳ бо писари панҷсолааш Даниил ва шиноси 28-солааш Далер Ватанов, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, моҳи август аз шаҳри Санкт-Петербург ба деҳаи Котовраси вилояти Саратов сафар карда буданд. Онҳо то 19-уми август дар ҳамон деҳа дар хонаи Ермакова истода, сипас, 19-уми август савори ду мошин аз деҳа берун шуданд.

21-уми сентябр Даниил дар канори ҷангали Екатеринбург ёфт шуд. Ба гуфтаи ин кӯдак, ӯро дӯсти модараш, яъне Ватанов дар ҳамон ҷо гузошта, ваъда дода буд, ки ба зудӣ бармегардад. Вале ин мард ба он ҷо дубора барнагаштааст. Ҳоло кӯдак дар хонаи падараш дар Санкт Петербург иқомат дорад.

Баъд аз ин, муфаттишон ҷустуҷӯи мошинҳо, хонум Ермакова ва дӯсти ӯро идома дода, парвандаи ҷиноии беному нишон шудани Олга Ермаковаро боз намуданд.

То кунун мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назаре накардаанд ва ҳам рӯшан нест, ки Далер Ватанов аз кадом минтақаи Тоҷикистон асту ҳоло дар кишвар ба сар мебарад ва ё берун аз он қарор дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG