Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес талоши дар садри Венесуэла монданро доранд


Дар Венесуэла раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҷараён дорад. Уго Чавес, ки 14 сол боз сарварии кишварро бар ӯҳда дорад, талоши бори чаҳор дар садри Венесуэла боқӣ монданро мекунад. Рақиби асосии ӯ – Энрике Каприлес, номзад аз Эътилофи ягонагии демократӣ, ниҳоди мухолифи ҳукумат маҳсуб мешавад.

Маъракаи пешазинтихоботӣ тезу тунд сурат гирифт. Чавес, ки худро ҷонибдори бунёди сотсиализм мехонад, Каприлесро дар он айбдор кард, ки пуштибонҳояш - кишварҳои хориҷӣ ва мафияи маводи мухаддир мебошанд. Каприлес, дар навбати худ, Чавесро дар фасод ва сарфи нодурусти маблағҳои буҷа муттаҳам намуд.

Чавес, ки имсол барои маризии саратон ду бор ҷарроҳӣ шуд, мегӯяд, комилан сиҳат аст ва дар интихобот ҳатман пирӯз хоҳад шуд.Назархоҳиҳо низ баёнгари он аст, ки ӯ барои дар интихоботи президентӣ баранда шудан шонсҳои бештар дорад.
XS
SM
MD
LG