Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши ҳукумати Филиппин бо ошӯбгарони мусалмон


Бенинио Акино
Бенинио Акино
Бенинио Акино, раисиҷумҳури Филиппин, дар бораи созиши пешакӣ бо бузургтарин гурӯҳи ошӯбгарони мусалмон, ки беш аз 40 сол боз дар ҷануби кишвар фаъолият дорад, хабар дод. Бар пояи ин тавофуқ, то соли 2016 дар ҷануби Филиппин, ки асосан мусалмоннишин аст, минтақаи нави худмухтар ташкил мешавад.

Музокирот миёни ҳукумати Филиппин ва Ҷабҳаи исломии озодибахши Моро чанд сол боз бо миёнҷигарии Малайзия идома дорад.

Қарор аст, ки санади расмӣ дар бораи ташкили вилояти мухтор дар ҷануби Филиппин рӯзҳои наздик дар пойтахт – шаҳри Манила имзо шавад. Ин ҳуҷҷат метавонад ба набардҳо дар ҷануби Филиппин, ки тайи чиҳил сол мунҷар ба ҳалокати тақрибан 100 ҳазор нафар шудаанд, хотима гузорад.
XS
SM
MD
LG