Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" бори шашум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард


Бозии миёни "Истиқлол"-у "Регар-ТадАЗ". Шаҳри Хуҷанд, 5-уми октябри 2012
Бозии миёни "Истиқлол"-у "Регар-ТадАЗ". Шаҳри Хуҷанд, 5-уми октябри 2012

Дастаи "Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2012-ум гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 5-уми октябр, дар Хуҷанд, дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” миёни ду дастаи лигаи олӣ - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳузури 8 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Ҳайати дастаҳо:

"Истиқлол" (Душанбе): 1. Алишер Тӯйчиев, 3. Соҳиб Саванқулов, 4. Эраҷ Раҷабов, 6. Давронҷон Эргашев, 9. Нуриддин Давронов, 10. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 12. Юсуф Рабиев, 14. Руслан Рафиков, 17. Дилшод Восиев (капитан), 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 23. Александр Франк. Дар ҷараёни бозӣ се нафар – Юсуф Рабиев, Александр Франк ва Ҷаҳонгир Ҷалилов иваз шуданд ва ба майдон Фарҳод Тоҳиров, Маҳмадалӣ Содиқов ва Иброҳим Рабимов омаданд.

"Регар-ТадАЗ" (Турсунзода): 16. Алишер Додов, 24. Далерҷон Тухтасунов (капитан), 6. Фаррух Чориев, 18. Алексей Неъматов, 12. Акмал Сабуров, 7. Ҷамшед Исмоилов, 9. Хуршед Маҳмудов, 15. Раҳмоналӣ Баротов, 21. Сӯҳроб Эгамбердиев, 17. Аҳтам Ҳамроқулов, 22. Комил Саидов. Дар ҷараёни бозӣ се нафар – Сӯҳроб Эгамбердиев, Раҳмоналӣ Баротов ва Алишер Додов иваз шуданд ва Сардорбек Эминов, Фарҳод Холбеков ва Фарҳод Юлдошев ба майдон омаданд.

Замони асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 80-ум Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари "Регар-ТадАЗ", боз кард. Ӯ аз масофаи тахминан 12 метр тӯбро ба дарвозаи рақибонаш зад. Вале Фаррух Чориев, ҳимоятгари "Регар – ТадАЗ", дар дақиқаҳои охири замони асосии дидор дар ҷаримагоҳи дастааш муқобили бозигари "Истиқлол" Нуриддин Давронов қоидаи бозиро дағалона вайрон кард.

Сардовари бозӣ Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба дарвозаи "Регар-ТадАЗ" пеналтӣ таъйин намуд. Тӯбро нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани дастаи "Истиқлол", дар дақиқаи 90-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра ба ҳадаф расонд. Бар асоси низомномаи мусобиқа барои муайян кардани дастаи ғолиб 30 дақиқа замони изофӣ дода шуд, вале он низ бидуни гол поён ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бошад, кори футболбозони "Регар- ТадАЗ" омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 ғолиб шуданд.

Силсилаи пеналтӣ: Дилшод Восиев – 1:0. Сардорбек Эминов – 1:1. Фатҳулло Фатҳуллоев – 2:1. Алексей Неъматов – 2:2. Иброҳим Рабимов – 2:2 (дарвозабон баргардонд). Хуршед Маҳмудов – 2:2 (дарвозабон баргардонд). Нуриддин Давронов – 3:2. Далерҷон Тухтасунов – 3:3. Маҳмадалӣ Содиқов – 4:3. Аҳтам Ҳамроқулов – 4:4. Эраҷ Раҷабов – 5:4. Фаррух Чориев – 5:5. Алишер Тӯйчиев – 5:5 (хато зад). Фарҳод Холбеков – 5:6.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҷараёни ин бозӣ сардовар Равшан Ишматов аз дастаи "Регар -ТадАЗ" Ҷамшед Исмоилов (дақиқаи 45-ум) ва Акмал Сабуров (98) ва аз тими "Истиқол"-и Душанбе Давронҷон Эргашев (45) ва Соҳиб Саванқуловро (120) бо нишон додани корти сурх аз майдон хориҷ кард.

Ҳамин тариқ аз рӯи ҳисоби умумӣ "Регар-ТадАЗ" бо натиҷаи 7:6 ғолиб омад ва барои бори шашум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гашт. Баъд аз анҷоми бозии ниҳоӣ маросими мукофотсупорӣ баргузор шуд. Нахуст Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд, ба сардовари бозии ниҳоӣ Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа), ёварони сардовар Қурбонмаҳмад Каримов (ноҳияи Хуросон) ва Раҳмон Муртазоев (Душанбе), довари эҳтиётӣ Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) тӯҳфаҳои хотиравӣ эҳдо намуд.

Баъдан Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба дастаи "Истиқлол" барои ҷои дувум медалҳои нуқра ва сертификати ҷоизапулӣ ба мабағи 20 ҳазор сомонӣ тақдим кард. Бояд гуфт, барои аввалин бор Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои ғолиб ва мағлубшудаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мукофоти пулӣ таъсис додааст.

Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи кишвар, Ҷоми нави Тоҷикистонро, ки дар Италия сохта шудааст, инчунин, сертификати мукофотпулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомониро ба дастаи ғолиб - “Регар-ТадАЗ” супурд. Ба иттилои ҷаноби Раҷабов Ҷоми пешин, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ шурӯъ аз соли 1938-ум то соли 2011-ум ба дастаҳои ғолиб супурда мешуд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин бозигарону мураббиён ва раҳбарони дастаи ғолиб бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012, ки дар шаҳри Хуҷанд таҳти раҳбарӣ ва бо ҳузури Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, дар сатҳи баланд баргузор шуд, дар таърихи футболи тоҷик боз як саҳифаи нав боз намуд. Бояд тазаккур дод, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 барои бори 21-ум барпо гардид. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Футболбозони шаҳри Турсунзода порсол низ дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буданд. Голро бозигари “Регар-ТадАЗ” Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонида буд.

Инчунин се бор дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд барандаи Ҷоми Тоҷикистон гаштааст. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудаанд. Дастаҳои “Помир”-у “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷомро ба даст овардаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим


Никола Кавазович, сармураббии дастаи "Истиқлол", дар як нишасти матбуотӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 дар толори Маркази матбуоти Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир шуд, ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди бохт аз бозии дастааш қаноатманд аст. Вай вафзуд, “пеш аз ҳама дастаи «Регар»-ро бо пирӯзӣ муборакбод мегӯям ва ба онҳо дар чемпионати кишвар муваффақият мехоҳам. Ман ба бозигарони дастаам эрод надорам. Онҳо дар ҷараёни бозӣ дастури моро ба ҷо оварданд. Танҳо ба ҷуз лаҳзаҳое, ки бозигарон интизомро вайрон карданд ва ин боиси поймол шудани талаботи “Fair play” гардид. Ман ҳамеша бозигарони худро ба бозии мунсифона даъват мекунам. Вале ин дафъа мутаассифона Давронҷон Эргашев, ки беҳтарин бозигари мо маҳсуб мешавад, барои бозии дағалонааш муқобили рақиб аз майдон ронда шуд ва бе ӯ корамон душвор гашт. Ба фикрам, мо имрӯз нисбат ба дастаи “Регар” хубтар бозӣ кардем. Ва аммо “Регар”, бешак, аз ҳама клуби пурқувваттарин дар Тоҷикистон аст. Дар ғалабаи имрӯзаи “Регар”, ба назари ман, аз ҳама бештар дарвозабон Алишер Додов саҳми арзанда гузошт ва агар бигӯям, ки ин ғалабаи даста ба маҳорати баланди ӯ бастагӣ дорад, дигар аъзои даста аз ман барои ин фикрам гиламанд нашаванд. Мо низ минбаъд дар бозиҳои чемпионат барои унвони қаҳрамонӣ талош хоҳем кард ва ба ин омода ҳам ҳастем. Бачаҳои мо ҳунари воло нишон медиҳанд. Вале барои ин моро лозим аст, ки дар ҳамаи 11 бозии боқимонда пирӯз шавем. Ин кори мушкил аст, ва аммо мекӯшем, ки муваффақ шавем.”

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ", дар ин нишаст гуфт, “аввалан дастаи “Истиқлол”-ро, ки панҷ рӯз пеш дар шаҳри Душанбе барандаи Ҷоми раиси АФК шуд, бо ғалабааш табрик мекунам. Финали Ҷоми Тоҷикистон яке аз бозиҳои муҳимтарин дар тӯли сол аст. Зеро ки он танҳо аз як бозӣ иборат мебошад. Ва мо аз он шодем, ки бори шашум соҳиби ҷом шудем. Аз он хурсандем, ки ин бозӣ дар шаҳри Хуҷанед дар сатҳи баланд баргузор шуд ва моро мухлисон хуб дастгирӣ карданд. Ба мизбонон барои пазироии хуш ва муҳайё кардани шароитҳои зарурӣ ташаккур мегӯем. Ман танҳо аз доварони ин бозӣ қаноатманд нестам. Имсол дар Суперкубоки Тоҷикистон низ доварон нисбати дастаи мо беадолатӣ карданд. Бори дигар таъкид мекунам, ки чунин сатҳи доварӣ ба рушди минбаъдаи футболи тоҷик монеъ мешавад.”
XS
SM
MD
LG