Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи “Истиқлол” -- барандаи Ҷоми раиси AFC


Бозии миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Ал-Аммарӣ"-и Фаластинро 19 ҳазор мухлис, аз ҷумла раисиҷумҳур, тамошо карданд.

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барандаи Ҷоми раиси АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2012 гардид. Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ, ки шаби 30-юми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури беш аз 19 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бар тими “Ал-Аммарӣ”-и Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Нимаи аввали дидор бо пирӯзии футболбозони Фаластин бо ҳисоби 1:0 поён ёфт. Голро Аҳмад Кашкаш дар дақиқаи 21-ум ба ҳадаф расонд.

Вале дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони тоҷик ба дарвозаи рақибонашон ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 69-ум ҳисобро баробар кард. Дилшод Восиев, капитани даста, тӯби ҳалкунандаро дар дақиқаи 78-ум вориди дарвозаи фаластиниҳо намуд.

“Истиқлол” барои аввалин бор соҳиби Ҷоми раиси АФК ва мукофотпулӣ ба маблағи 50 ҳазор доллар гардид. Дар ин бозӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ҳузур дошт. Дар маросими мукофотсупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, Ганеш Тапа, муовини раиси АФК, Ганболд Буяннемех, узви кумитаи иҷроияи АФК, Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, Азизбек Раҷабов, муовини раиси АФК ва Стюарт Рамалингам, мудири бахши мусобиқоти бошгоҳии АФК ба дастаҳо, беҳтарин бозигарону доварони ин мусобиқа медалу ҷоизаҳо тақдим намуданд.

Нахуст доварони беҳтарин Ал Мирдасӣ Фаҳад Адвон (Арабистони Саудӣ), Ким Сунг Ил (Ҷумҳурии Куриё), Ал Амрӣ Абу Бакар Салим Маҳад (Умон) ва Иида Ҷумпей (Ҷопон) бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд. Ҷоизаи “Бозии мунсифона” ба дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон супурда шуд. Мирлан Мурзаев, бозигари дастаи “Дордой”-и Қирғизистон, ки дар бозиҳои Ҷоми раиси АФК-2012 ба дарвозаи рақибонаш аз ҳама бештар - 8 гол задааст, бо ҷоизаи “Беҳтарин голзан” сарфароз гардид.

Раед Юсуф Ҷумъа Ассаф
Раед Юсуф Ҷумъа Ассаф
Ҷоизаи Абдуллоҳ Ал Дабал ба бозигари беҳтарини мусобиқа Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи “Истиқлол”, тақдим гашт. Аъзои дастаи “Ал-Аммарӣ”-и Фаластин (сармураббии даста Раед Юсуф Ҷумъа Ассаф аз Урдун) барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Бозигарону мураббиён ва раҳбарони дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон (раиси бошгоҳ Шоҳрух Саидов, сармураббӣ Никола Кавазовичи сербиягӣ) бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд.

Ҷоизаи аслӣ – Ҷоми раиси АФК –ро Ганеш Тапа, муовини раиси АФК, ба капитани дастаи “Истиқлол” Дилшод Восиев супурд.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” панҷумин бошгоҳи футбол аст, ки Ҷоми раиси АФК-ро ба даст овардааст. Шурӯъ аз соли 2005-ум ин мусобиқа барои ҳаштумин бор баргузор шуд. Аз ин пеш се бор дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон (солҳои 2005, 2008 ва 2009), ду бор тими “Дордой- Динамо”-и Қирғизистон (2006 ва 2007), якборӣ бошгоҳҳои футболи “Яданарбон”-и Мянмар (2010) ва “Тайван Пауэр Компани”-и Тайван (2011) Ҷоми раиси АФК-ро ба даст овардаанд.

Раед Юсуф Ҷумъа Ассаф, сармураббии тими “Ал-Аммарӣ”, дар як нишасти матбуотӣ, ки пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, аз он изҳори таассуф кард, ки дар нимаи дувуми дидор бозигаронаш бозии хуб нишон дода натавонистанд. Ӯ афзуд, “мо дар нимаи дувуми дидор танҳо як нафарро иваз кардем. Вале агар мо бозигарони бештаре медоштем, дар ҷараёни бозӣ метавонистем боз ду нафари дигарро иваз намоем ва тағйири тактикӣ бидиҳем. Вале бо ин бозигарон дигар бештар коре анҷом дода намешуд. Чунки мо ҳамагӣ 13 бозигар доштем.”

Никола Кавазович
Никола Кавазович
Никола Кавазович, сармураббии дастаи “Истиқлол”, аз ғалабаи дастааш изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки мо ба ин созовор ҳастем. Ӯ афзуд, “дар нимаи аввали бозӣ рақибамон хеле хуб бозӣ кард. Вале аз ҷиҳати техникию тактикӣ мо бартарӣ доштем. Ман дар танаффус ба бозигаронам гуфтам, ки қувваи рақиб то дақиқаи 55-ум мерасад ва шумо бояд чӣ гуна ки дар нимаи аввал бозӣ кардед, ҳамон гуна бозиро идома диҳед, ҳеҷ мушкиле пеш намеояд. Ду нафар – Юсуф Рабиев ва Маҳмадалӣ Содиқовро, ки дар авохири нимаи аввал хастагиашон ба назар мерасид, иваз намудем. Ба ҷойи онҳо Иброҳим Рабимов ва Александр Франк ба майдон омаданд. Бозӣ ранги тоза гирифт. Баъди голи дувум ба мо лозим меомад, ки ҳисобро нигоҳ дорем. Боз як бозигари ҷавону моҳир – Умедҷон Шарифов ба майдон омад. Ӯ Фарҳод Тоҳировро иваз намуд. Бояд бигӯям, ки дарвозабони мо Алишер Тӯйчиев ин дафъа низ маҳорати баланд зоҳир кард ва чанд бор хатоҳои ҳимоятгаронро ислоҳ намуд. Дар ин пирӯзӣ тамоми аъзои даста саҳми босазо гузоштанд.”
XS
SM
MD
LG