Туркия гуфт, қасди шурӯъи ҷангро надорад. Дирӯз парлумони Туркия қонунеро тасвиб кард, ки барои як сол ба низомиҳо эъзоми нирӯ ба Сурия ва анҷоми ҳамлаҳои ҳавоиро иҷозат медиҳад. Ин тасмим дар посух ба тӯпборони рӯзи чоршанбест, ки 5 нафарро дар шаҳри Оқчақалъа кушт. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, муҷаввизи истифодаи нирӯ комилан бо аҳдофи дифоъист. Вале ӯ ҳушдор дод, ки касе набояд тааҳҳуди Туркия ба мудофиаи мардум ва марзу бумашро имтиҳон кунад. Ин дар ҳолест, ки Туркия 2 рӯз боз аҳдоферо дар дохили Сурия бомбборон мекунад. Сурия ба хонаводаҳои қурбониён изҳори “ҳамдардии амиқ” кардааст.
Туркия гуфт, қасди шурӯъи ҷангро надорад
