Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти маъюбони Кӯлоб дар бинои иҷора "нағунҷид"


Бахтиёр Эргашев, раиси ҷамъияти "Мушфиқи маъюбон" дар шаҳри Кӯлоб
Бахтиёр Эргашев, раиси ҷамъияти "Мушфиқи маъюбон" дар шаҳри Кӯлоб

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз ҷамъияти "Мушфиқи маъюбон" тақозо кардааст, аз биное, ки ҳоло фаъолият доранд, берун шаванд.

Мақомоти шаҳри Кӯлоб аз масъулони ҷамъияти "Мушфиқи маъюбон" дар ин шаҳр талаб кардаанд, биноеро, ки ҳоло дар он ҷо фаъолият доранд, холӣ созанд. Чун ба гуфтаи Бахтиёр Эргашев, раиси ин ҷамъият, намояндагони ҳукумат ба онҳо гуфтаанд, соҳиби ин бино як сокини дигари Кӯлоб аст, ки мехоҳад ҳоло дар он ҷо Маркази савдо боз кунад.

Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, беш аз даҳ сол дар ин бино ба сар мебаранд ва онро на аз як сокини Кӯлоб, балки аз Бахши варзиш ба муддати тӯлонӣ ба иҷора гирифта буданд. Ҷаноби Эргашов амали ин сокини Кӯлобро, ки мехоҳад, бинои онҳоро ба Маркази савдо табдил диҳад, ғайриқонунӣ медонад. "Шояд тақаллуб карда бошанд. Мо пештар аз бойгонӣ ва дигар Идораҳо ҳуҷҷат дорем, ки ин бино ба ӯ тааллуқ надорад. Мо ин биноро аз дигар кас гирифтем, аммо ҳоло як нафар ногаҳонӣ моро ба додгоҳ додааст, то биноро тарк кунем. Мо ҳеҷ ҷой надорем ва агар ноадолатона моро берун кунанд, намедонем, чӣ кор мекунем",-афзуд мусоҳиби мо.

Ғуломҳусайн Ҷабборов, як сокини Кӯлоб, ҳоло барои берун кардани ҷамъияти "Мушфиқи маъюбон" аз биное, ки мехоҳад дар он ҷо Маркази савдо боз намояд, ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Ӯ, ки худро соҳибкор муаррифӣ кард, гуфт, бо тамоми санаду далел соҳиби ин бино буданашро исбот мекунад: "Фарзанди ман маъюб буд ва аз дунё даргузашт. Вақте инҳо муроҷиат карданд, фарзандам ба хотирам омада, дилам сӯхт ва ба онҳо дар ин бино ҷой додам. Ҳоло, ки дастам расидааст, мехоҳам, ин ҷоро обод кунам, лекин онҳо ба хубӣ биноро тарк карданӣ нестанд."

Озодӣ Ҳасанов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба сохтмон ва меъморӣ, мегӯяд, бо аризаи ин сокини Кӯлоб, ки мехоҳад, Маркази савдо боз кунад, шинос шудааст. Вай дар шарҳи ин масъала гуфт, "вақте бо ҳуҷҷатҳои ин мард шинос шудем ва дидем, ки ҳамаи кораш дар доираи қонун ҳаст, ба ӯ иҷозаи сохтмони Маркази савдоро додем. Агар пештар ягон хато нашуда бошад, он ҳуҷҷатҳое, ки то мо расид, дуруст буданд."

Аммо Бахтиёр Эргашов мегӯяд, солҳои тӯлонист, ин ҷамъият, ки созмондиҳандагонаш низ маъюбанд, барои ҷомеа хидмат мекунанд ва набояд онҳоро ғайриқонунӣ аз ин бино берун кунанд. Ӯ гуфт, "дар ҳақиқат, мо ҳуҷҷат дорем ва ҳуҷҷатҳои моро низ ба инобат бигиранд. Дар ҳар қадами шаҳр Маркази савдо ҳаст, ки муштарӣ надоранд. Наход, як Маркази савдо аз ҷамъияти маъюбон болотар бошад?"

Ҷамъияти "Мушфиқи маъюбон", як созмони ҷамъиятӣ буда, дар минтақаи Кӯлоб ҳудуди 12 ҳазор узв дорад. Ин созмон дар минтақа инчунин, ду корхонаи дӯзандагӣ ва як маркази машварати ҳуҳуқии маъюбонро дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG