Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми "Бегуноҳии мусалмонон" дар Қазоқистон мамнӯъ шуд


Куаниш Жаксыбергенов, додраси Додгоҳи ноҳияи Сариаркии шаҳри Остона, 4 октябри соли 2012.
Куаниш Жаксыбергенов, додраси Додгоҳи ноҳияи Сариаркии шаҳри Остона, 4 октябри соли 2012.

Бо қарори додгоҳе дар Остона ворид, нашр ва паҳн кардани ин филм дар қаламрави Қазоқистон манъ эълон шуд.

Ҳукми манъ шудани филми «Бегуноҳии мусалмонон» дар қаламрави Қазоқистонро додраси Додгоҳи ноҳияи Сариаркии шаҳри Остона Куаниш Жаксыбергенов баровард.

Аммо пеш аз ҳукм, дар ҷараёни муҳокима, Роза Акбарова, коршиноси калони Институти марказии ташхиси судии Қазоқистон, гуфт, маводи филми «Бегуноҳии мусалмонон» дини Исломро ба гунаи манфӣ муаррифӣ мекунад: “Чунончӣ, Муҳаммад паёмбар, бархилофи сарчашмаҳои боэътимоди исломӣ, як шахси пархошҷӯ, бесавод, бадахлоқ, ҳарис ва дорои майл ба худкушӣ тасвир шудааст. Вай меъёрҳоио ахлоқии ҷомеаро қабул надорад ва бачагонро ҳадафи хушунати шаҳвонӣ қарор медиҳанд ва ҷинояткорест, ки ба хотири манфиат одамонро мекушад.”

Ба гуфтаи хонуми Акбарова, тамоми филм ба таҳқири эҳсосоти диинии мусалмонон нигаронида шуда, дар навбати худ зидди муаллифони он ва намояндагони динҳои дигар хашму ғазабро меангезад, ки ин нишонаи тундгароии динӣ дар филм аст.

Намояндаи Вазорати нақлиёт ва алоқаи Қазоқистон Ирина Петришева, изҳор дошт, ки ҳукми додгоҳ имкон медиҳад, филмро аз сафҳаи YouTube берун кунад. Вай гуфт: “Тамоми YouTube баста намешавад, балки танҳо тори ин ролик аз байн бурда хоҳад шуд. Мо ин корро дар асоси ҳукми додгоҳ ба иҷро мерасонем. Ба ғайр аз ин мо бо «Роскомнадзор» низ қарордод дорем ва нусхаи қарори судро ба онҳо низ мефиристем.»

Додситонии Қазоқистон рӯзи 21-уми сентябр аз додгоҳ хост, филмро баррасӣ кунад. Пештар Идораи мусулмонони Қазоқистон дар изҳороте филмро маҳкум кард. Вале рӯҳониён даъват карданд, ки ба ин иғвогарӣ набояд бо зӯроварӣ ҷавоб дод.

Пеш аз Қазоқистон филми «Бегуноҳии мусалмонон» рӯзи 1-уми октябр дар Русия мамнӯъ эълон шуд. Додситонии кулли Русия онро ба феҳрасти маводи эекстремистӣ ворид кард.

Бархе аз сокинони Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштанд, ки аз ҳукми додгоҳ ҳимоят мекунанд. Вале бархе аз онҳо навиштаанд, манъ кардани филм таваҷҷӯҳро ба он ангезиши бештар хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG