Додгоҳи ноҳияи Сариярқаи шаҳри Остона рӯзи панҷшанбе ҳукм баровард, ки пахши филми зиддиисломӣ, ки боиси эътирозҳо дар олами исломӣ шудааст, дар хоки Қазоқистон манъ гардад. Идораи додситонии шаҳри Остона манъи пахши филми “Бегуноҳии мусулмонон”-ро дархост намуда буд. Идораи умури динии Қазоқистон ҳукми додгоҳро хуш пазироӣ намуд.