Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои "СомонЭйр" аз Бритониё раҳбар оварданд


“Азия Плюс” хабар дод, ки Ллойд Пакстон аз Бритониё мудири кулли ширкати ҳавопаймоии “СомонЭйр” таъйин шудааст. Ӯ дар ин симат Алишер Рустамовро иваз кард. Пакстон қаблан як муддат раҳбари “Эйр Остона” буд ва ахиран дар як ширкати ҳавопаймоии Маҷористон кор мекард. “СомонЭйр” соли 2008 ба фаъолият шурӯъ карда, феълан 6 ҳавопаймои “Боинг” дорад ва дар 24 масир парвоз анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG