Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек 10 эътирозгар маҷрӯҳ шудааст


Дар ҷараёни пароканда сохтани як тазоҳурот дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон 10 тан аз эътирозгарон ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла 3 нафар тир хӯрдаанд. Дирӯз беш аз 10 000 нафар таҳти раҳбарии раиси ҳизби мухолифи Ота-Ҷурт Қамчибек Тошиев бо пулис даргир шуда, талош карданд, дохили ҳавлии парлумон шаванд. Онҳо дар аввал миллӣ кардани Қумтор – бузургтарин кони тилои Қирғизистонро талаб доштанд. Тошиев баъди пайвастан ба ин эътироз аз издиҳом даъват кард, то ҳукуматро сарнагун кунанд. Нирӯҳои амниятӣ алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд ва пулис низ бо сагҳо басиҷ шуда буд. Мақомот мегӯянд, вазъро феълан таҳти назорат даровардаанд. Вазири дохила Зарилбек Рисалиев аз боздошти чандин эътирозгар хабар дод ва гуфт, дастури боздошти худи Қамчибек Тошиев, ки аз масунияти вакили парлумон бархӯрдор аст, феълан дар дасти баррасии додситони кулл қарор дорад.
XS
SM
MD
LG