Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллари амрикоӣ эрониҳоро ба кӯча баровард


Ба думболи бархӯрди тазоҳургарони хашмгин ва маъмурони пулиси зиддишӯриш дар Теҳрон, бозори марказии шаҳр баста шудааст.

Шоҳидони айнӣ ба хабаргузориҳои "Рейтерс" ва "Франс Пресс" гуфтаанд, ки тазоҳургарон аз суқути арзиши риёл ба хашм омадаанд. Қурби риёл дар баробари доллар танҳо ҳафтаи гузашта бештар аз 40 дар сад поин омад.

Эътирозгарон гуфтанд, ки сиёсатҳои президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод Эронро ба вартаи бӯҳрони иқтисодӣ кашидааст.

Давлати Эрон саррофон ва муомилакунандагони арзиро дар коҳиши арзиши пули миллӣ гунаҳкор кардааст ва онҳоро қаллобоне номидааст, ки бояд дастгир шаванд. Аммо вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, таъсири таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аст, ки риёлро камарзиш мекунад.

Мудирияти нодурусти иқтисод аз тарафи ҳукумати раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро як сабаби дигари беқурбшавии риёл номбар мешавад, ки аз аввали сол то кунун арзиши он 80 дар сад поин рафтааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз замони ҷорӣ шудани таҳрими иқтисодии Эрон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ, поиншавии риёли эронӣ дар муқобили доллари ИМА тақрибан ҳар рӯз рекорди нави мегузорад.

Мамолики ғарбӣ бо ишора ба саркашии Эрон аз ҳамкорӣ дар барномаи ҳастаӣ таҳрими воридоти маводи сӯхтро алайҳи Ирон ҷорӣ карда, даромади ҷумҳурии исломӣ ва имконоти бонки марказии Эронро маҳдуд кардаанд.Эрониҳо хавф доранд, ки уфти риёл ҳамоно идома меёбад ва аз ин рӯ, асъори хориҷӣ мехаранд. Дар натиҷа поиншавии қурби риёл суръати бештар касб кардааст. Эрон иброз доштааст, ки мизони таваррум дар ин кишвар ба 25 дар сад баробар буда, қурби пасти пули миллӣ қудрати харидории мардумро коҳиш додааст.

Як дипломати ғарбӣ ба хабарнигори Рейтерс гуфтааст, ки ҳама мехоҳанд доллар бихаранд ва ин талоши онҳо бонкҳоро таҳти фишор қарор додааст. Ба гуфти ин дипломат, президенти Аҳмадинажод таҳдид карда, ки бар зидди саррофону тоҷирони бозори сиёҳ аз нерӯи полис истифода мебарад, вале ин изҳороти Аҳмадинажод натиҷаи баръакс дод.

Коршиносон мегӯянд, эътироз воқеан таҳдид ба Аҳмадинажод аст, на ҳукумати Эрон. Даври дуюми раёсатҷумҳурии Аҳмадинажод моҳи июни соли оянда ба поён мерасад ва ӯ ҳақ надорад паи ҳам бори сеюм барои курсии президентӣ мубориза
арад. Ин коршиносон интизор доранд, ки ҳукумат муомила дар бозори асъори хориҷиро мутаваққиф намуда, ба бозори дохилӣ пул ворид мекунанд, то қурби риёл устувор гардад.

Рӯзи чоршанбе ба гуфти сокинони Теҳрон дарҳои бозори асосии пойтахти Эрон, ки дар инқилоби соли 1979 нақши муҳим бозидааст, баста боқӣ монданд. Як тоҷир ба хабарнигорон гуфтааст, поиншавии қурби риёл имкон намедиҳад, ки тоҷирон молашонро дуруст нархгузорӣ кунанд. Рӯзи душанбе дар бозори озод як доллари амрикоӣ баробари 34200 риёл буд, вале рӯзи сешанбе як доллар ба 37500 риёл мусовӣ шуд.

Рӯзи сешанбе президенти Эрон таҳримҳои иқтисодии зери раҳбарии ИМА-ро сабабгори поиншавии қурби риёл номида, исрор варзид, ки ҳукумат ин мушкилро ҳал мекунад. Аҳмадинажод аз мардуми кишвар даъват кард, ки доллар нахаранд ва ҳамзамон ӯ хотирнишон кард, ки нерӯҳои амниятӣ бояд бар зидди 22 раҳбари гурӯҳҳои муназзами бозори асъори ин кишвар иқдом кунанд.
XS
SM
MD
LG