Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров хостори ислоҳи равобити Русияву Амрико шуд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтааст, кишвараш ва Амрико бояд барои тақвияти ҳамкориҳо саъйи бештар кунанд, зеро муносибот дар сатҳи феълӣ наметавонад пойдор бимонад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, баъди расидан ба қудрат дар соли 2008 муносибот бо Русияро каме беҳтар кард, аммо равобити ду тараф тайи чанд вақти ахир бинобар масоили сипари дифоъи мушакии Амрико, ҳуқуқи инсон ва муноқиша дар Сурия сардтар шудааст. Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Коммерсант” гуфтааст, дар сурати беҳтар нашудан, равобити Амрикову Русия бадтар хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории ду тараф бояд бар асоси эҳтироми ҳамдигар ва мудохила накардан ба умури якдигар бошад. Ба гуфтаи Сергей Лавров, матбуоти ғарбӣ гӯё ғаразмандона Русияро бадном мекунанд.
XS
SM
MD
LG