Алишер Рустамов аз мақоми мудири кулли ширкати хусусии ҳавопаймоии “СомонЭйр” барканор шуд. Манобеъи “Азия Плюс” гуфтаанд, ки ба ин симат шояд ягон мутахассиси хориҷӣ, эҳтимолан аз Бритониё, даъват шавад. “СомонЭйр” соли 2008 ба анҷоми парвозҳо шурӯъ кард ва феълан 6 ҳавопаймои “Боинг” дорад. Ин ширкат дар ҳоли ҳозир дар 24 масир, аз ҷумла ба 11 шаҳри Русия ва ҳам ба Франкфурту Дубай, Истамбул, Ҷидда, Урумчӣ ва Алма-Атову Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад.