Хабаргузории “Озодагон” мегӯяд, ки дар 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 27 000 мошин ворид шудааст. Мақомоти Хадамоти гумрук гуфтаанд, ҳар моҳ ба кишвар ба маблағи 20 миллион сомонӣ, ё беш аз 4 миллион доллар, мошинҳои сабукраву боркаш ворид карда мешаванд. Аксари ин мошинҳои “дасти ду” буда, воридоти онҳо асосан аз кишварҳои соҳили Балтик ва аз Аврупо сурат мегирад.
Имсол ба Тоҷикистон 27 000 мошин ворид кардаанд