Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International хостори ислоҳот дар Миср шуд


Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз мақомоти Миср даъват кард, ки аз ислоҳот дар полису артиш кор бигиранд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар имрӯз бо нашри ду гузориш қонуншиканиҳо ва нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи кормандони полис ва низомиёнро маҳкум карданд.

Бар пояи арзёбии Amnesty International, поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар сохторҳои қудратӣ баъд аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврали соли 2011 ҳам идома дошт. Дар гузоришҳо иттилои бо санадҳо тайидшуда дар бораи аъмоли зиддиқонунии полису артиш ҳангоми парокандасозии намоишҳои осоиштаи мардум оварда шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамчунин барои он пойфишорӣ доранд, ки мақомоти Миср ба коршиносони СММ дар умури ҳуқуқи башар иҷозаи вуруд ба кишварро диҳанд.
XS
SM
MD
LG