Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Чин ширкати Ай Вейвейро мебанданд


Ай Вейвей
Ай Вейвей
Мақомоти Чин муҷаввизи ширкати таъсискардаи дигарандеш ва рассоми маъруф Ай Вейвейро бозхонданианд. Ба гуфтаи вакили мудофеи рассом, масъулин далел пеш овардаанд, ки ширкати «Fake Cultural Development» ё “Рушди тақаллуби фарҳанг” аснод барои сабти номи навро сари вақт пешниҳод накардааст. Ай Вейвей ширкатро ба он хотир чунин номгузорӣ кардааст, ки дар асари ҷаҳонӣ чун “кишварҳои тақаллубҳо” маъруф будани Чинро таъкид кунад.

Аз ин пеш як додгоҳи Чин дигарандеши маъруфро бо иттиҳоми напардохтани андоз ба андозаи тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор доллар ҷарима карда буд.

Ай Вейвей ҳамчун мунаққиди сиёсати ҳукумати Чин маъруф аст ва дар бораи ҷиноёти амалдорони воломақом тафтишот анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG