Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар Маскав бо муассиси Facebook Марк Зуккерберг дурнамои ин шабакаи иҷтимоӣ дар бозори Русияро баррасӣ кард.Сухангӯи Медведев гуфт, ки онҳо рушди фанновариҳо дар Русия, масоили ҳаққи муаллиф ва ҳам гушоиши Сколково – шаҳраки фанновариҳоро, ки бо ибтикори Медведев дар канори Маскав сохта мешавад, дар миён гузоштанд. Русия аз ангуштшумор кишварҳои бузурги дунёст, ки Facebook дар бозораш дар мақоми аввал нест ва аз торнамои маҳаллии Vkontakte хеле ақиб мондааст.
Дидори Медведев бо муассиси Facebook
