Як наворбардор аз ҳайъате, ки ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба манзури ширкат дар Маҷмаъи умумии СММ ба Ню-Йорк омада буд, дар Амрико мондааст. Пол ОДвайер, вакили мудофеъи Ҳасан Гулханбон таъйид кард, ки муваккили ӯ аз Амрико паноҳандагӣ меҷӯяд. Ӯ гуфт, зану фарзандони Гулханбон низ тарки Эрон кардаанд, вале ӯ маҳалли будубоши онҳоро ҳанӯз ошкор карда наметавонад. Баррасии масъалаи паноҳандагии ин наворбардори эронӣ, ба гуфтаи вакилаш, метавонад то 6 моҳро дар бар бигирад.