Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои ҳарду ҷониб ба пирӯзӣ дар Гурҷистон


Таҷлили мухолифин аз пирӯзӣ дар Тифлис алакай шурӯъ шудааст.
Таҷлили мухолифин аз пирӯзӣ дар Тифлис алакай шурӯъ шудааст.
Ҳам ҷониби давлати Гурҷистон ва ҳам мухолифин иддаои пирӯзӣ дар интихоботи парлумониро доранд. Рақобати аслӣ дар раъйгирии 1 октябр байни ҳизби ҳокими Ҷунбиши миллии раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ва эътилофи Орзуи Гурҷистони миллиардер Бидзина Иванишвилӣ ҷараён гирифт. Шабакаи хусусии Имедӣ ТВ мегӯяд, ки Орзуи Гурҷистон ҳудуди 50 дарсад ва Ҷунбиши миллӣ ҳудуди 40 дарсад раъй ба даст овардаанд. Натоиҷи экзит-полли телевизиони ҷамъиятии Гурҷистон ба ҳарду гурӯҳ 33 дарсади ороро нисбат медиҳад. Саакашвилӣ гуфт, Иванишвилӣ кишварро аз Ғарб ҷудо карда, дубора ба мадори Маскав хоҳад овард. Дар Ғарб интихоботи Гурҷистонро бо таваҷҷӯҳ назорра мекунанд. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар Брюссел ин интихобот “имтиҳони роҳи демократии Гурҷистон” ба қалам дод.
XS
SM
MD
LG