Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги вазнабардори зодаи Тоҷикистон дар Маскав


Шаби 1 октябр як варзишгари ҷавони зодаи Тоҷикистон худро аз қабати 17-уми як бино дар Маскав сарозер кардааст. Игор Тепликин ҳамагӣ 15 сол дошт. Мақомот ду фарзияи эҳтимолии худкушии ӯ – ҷанҷол бо дӯстдухтараш ё нокомӣ дар мусобиқотро таҳқиқ мекунанд. Игор Тепликин 3 дафъа унвони қаҳрамони Маскав дар вазнабардориро ба даст оварда буд, вале дар мусобиқоти охирин дар вазни 69 кило ҷои ҳамагӣ 7-умро гирифт. Ин танҳо мусобиқае буд, ки Тепликин аз он бидуни медал баргашт ва ба гуфтаи наздиконаш, хеле зиқ шуда буд.
XS
SM
MD
LG