Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи марзбони қазоқ эълон шуд.


Владислав Челах
Владислав Челах
Рӯзи душанбе айбномаи марзбони қазоқ Владислав Челах эълон шуд. Ӯ бо куштори ҳамсафҳояш дар як посгоҳи дурдаст дар марзи миёни Қазоқистону Чин муттаҳам мешавад. Тулеген Берликожанов-вакили мудофиаи Челах мегӯяд, ин марзбон ҳамчунон бо дуздии силоҳ, фирор аз хидмат ва дуздии асрори давлатӣ муттаҳам мешавад, ки ҳеҷ “асосе надорад”. Пешбинӣ мешавад, ки муҳокимаи Челах моҳи ноябр оғоз хоҳад шуд. 28-уми май дар посгоҳи Аркабергени вилоятИ Алмаато 14 марзбон ва як нозири ҷангал ба қатл расиданду сипас ҷасадҳои онҳо ба коми оташ кашида шуданд. Як рӯз пас аз он марзбони 15-уми ин посгоҳ Челах сиҳату саломат ёфт шуд. Тибқи гузоришҳо ӯ ибтидо кушторҳоро бар ӯҳда гирифт, вале баъдан раъйи худро тағйир дода, гуфт, ки гуноҳе надорад.
XS
SM
MD
LG