Рӯзи душанбе додгоҳи Маскав муҳокимаи дархости бознигарӣ ё худ аппелятсияи се узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot-ро шурӯъ намуда, баъди муддати кӯтоҳе онро то 10-уми октябр ба таъхир гузошт. Моҳи август ин се хонум, ки дар Калисои Исои Наҷотбахши Маскав бар зидди президенти Путин ҳунарнамоӣ ё худ перформанс кардаанд, бо ҷурми авбошӣ ва барангехтани нафрати динӣ ба муддати ду солӣ ҳар яке аз озодӣ маҳрум шуданд. Додрас Лариса Полякова мегӯяд:
“Додрасҳо ба хулоса омаданд, ки муҳокимаро то соати 11-и 10-уми октябр ба таъхир гузоранд. Бар пояи қонун Екатерина Самусевич бояд вакили нави мудофиа интихоб кунад. Вакили нав бояд то муҳокимаи оянда бо қазия ошно шуда, аз ӯ дифоъ кунад.”
Рӯзи якшанбе Калисои ортодокси Русия аз се зани маҳбус даъват кард, ки ислоҳ шаванд, то додгоҳ низ нисбати онҳо аз нармиш кор гирад.