Паймони НАТО ва мансабдорони афғон мегӯянд, рӯзи душанбе бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар шарқи Афғонистон 14 нафар, аз ҷумла 3 сарбози нерӯҳои кумаки байналмилалӣ ба Афғонистон (ISAF), ки зери раҳбарии НАТО қарор доранд, ҳамроҳ бо чор афсари полис афғон кушта шуданд.
Адам Вояк-сухангӯи нерӯҳои ISAF мегӯяд, се сарбози НАТО ва тарҷумони онҳо бар асари бомбгузорӣ дар шарқи Афғонистон ба қатл расидаанд. Сухангӯи Толибон Забиҳуллоҳ Муҷоҳид масъулияти бомбгузориро бар дӯш гирифтааст.