Гурҷистон имрӯз 150 вакили ҷадиди парлумонашро интихоб мекунад. Барои касби курсиҳои вакилӣ номзадҳо аз 14 ҳизб ва 2 эътилофи сиёсӣ мубориза мебаранд. Ҷунбиши миллии раисиҷумҳур Михеил Саакашвилӣ, ки 80 дарсади курсиҳои парлумони кунуниро дар даст дорад, барои касби назорати маҷлиси оянда бо эътилофи Орзуи Гурҷистони миллиардер Бидзина Иванишвилӣ вориди набард хоҳад шуд.Саакашвилӣ дирӯз аз мардум даъват кард, то “фикр карда раъй диҳанд, на бар пояи эҳсосот.”
САҲА гуфтааст, мехоҳад тақдири интихоботи Гурҷистон дар қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳалл шавад, на дар кӯчаҳо.
САҲА гуфтааст, мехоҳад тақдири интихоботи Гурҷистон дар қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳалл шавад, на дар кӯчаҳо.