Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори зебои шаҳри Ҳалаби Сурия сӯхтааст


Бино ба гузоришҳо, бахши зиёде аз бозори қадимаи зебои шаҳри бостонии Ҳалаби Сурия дар коми оташ нобуд шудааст. Видеое дар интернет гузошта шудааст, ки нишон медиҳад, дарҳои чӯбин ва кандакоришудаи дӯконҳои бозор месӯзанд. Ба гуфтаи фаъолони мухолифини Сурия дасти кам 700 дӯкон дар ин бозори асримиёнагӣ сӯхтааст. ЮНЕСКО, муассисаи илму фарҳангии Созмони Милал, ки шаҳри қадимаи Ҳалабро, мероси ҷаҳонии фарҳангӣ хондааст, сӯхтани бозорро фоҷиа хонд. Даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар Ҳалаб сабаби оташ гирифтани бозор шудааст. Рӯзи саввум аст, ки шӯришиёни Сурия саъй доранд, ин шаҳрро ишғол намоянд.
XS
SM
MD
LG