Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, як маъмури амниятии афғон дар ҳамлае як сарбози хориҷӣ ва як корманди қарордодии онҳоро куштааст. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон эълом кард, ки воқеа шоми шанбе ба вуқӯъ пайвастааст ва талафот дар миёни сарбозони афғон низ будааст. Аммо ҷузъиёти ҳодисаро ошкор накарданд. Тайи соли равон дасти кам 52 сарбози хориҷӣ ба дасти нерӯҳои артиши Афғонистон кушта шуданд. Аз ҳамин сабаб ду ҳафта пештар Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон, амалиётҳои муштарак бо нерӯҳои афғонро коҳиш дод, аммо Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, ки аксарияти нерӯҳои ба раҳбарии НАТО амалиётҳои муштарак бо артиши Афғонистонро аз сар гирифтанд.
XS
SM
MD
LG