Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи мубашшири Попи Рум шурӯъ шуд


Дар Ватикан муҳокимаи Паоло Габриеле, як мубашшири собиқи Попи Рум шурӯъ шуд, ки гӯё мукотиботи попро дуздида ба як хабарнигор додааст. Дар сурати собит шудани иттиҳомот, ӯро метавонанд ба чаҳор соли зиндон маҳкум кунанд. Паоло Габриеле ба гуноҳи хеш иқрор шуда ва аз поп тақозои авф кардааст. Паоло Габриеле гуфтааст, корро ба он хотир кардааст, ки фасодкорӣ дар қароргоҳҳои Калисои Католик ошкор шавад, зеро ба ақидаи ӯ Попи Рум аз ин корҳо ба қадри кофӣ хабар надоштааст. Клаудио Скиарпеллетӣ, як муҳандиси компютерии Ватиканро ҳамроҳ бо Паоло Габриеле барои гуноҳи сабуктари дуздӣ муҳокима мешавад.
XS
SM
MD
LG