Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи Русияву Тоҷикистон имсол имзо намешавад


Мақомоти Русия ифшо карданд, ки созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон имсол низ имзо нахоҳад шуд, зеро ихтилофоти назари ду тараф ҳамчунон рафъ нашудааст. Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои заминии Русия ба радиои «Эхо Москви» гуфтааст, эҳтимолан раҳбарони ду кишвар семоҳаи аввали соли 2013 созишномаро имзо хоҳанд кард ва то он замон бояд ду тараф дар мавриди шароити ҳузури пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ба мувофиқа бирасанд. Аммо зоҳиран ин пойгоҳи Русия нахоҳад буд, балки ба гуфтаи Владимир Чиркин «як воҳиди нерӯҳои эътилофии Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ» хоҳад буд, ки ҳадафаш муқобила бо таҳдидҳои мавҷуди байналмилалӣ аст. Генерали рус афзудааст, дар иваз Тоҷикистон аз Русия садҳо миллион доллар кӯмакҳои молӣ мехоҳад, ки «бешаку шубҳа барои таъмини ҳамон нерӯҳои эътилофӣ хоҳад кард.» Замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки 7 ҳазор сарбоз дорад, соли 2014 ба поён мерасад ва бинобар ихтилофоти назарҳои амиқ ду тараф натавонистааст, созишнома дар бораи тамдиди ҳузури онро ба имзо бирасонанд. Русия эълом карда буд, ки пойгоҳ дар Тоҷикистон ройгон ва барои 49 сол хоҳад монд, аммо давлати Тоҷикистон ин шартро напазируфта ва бино ба гузоришҳо хостааст, то Русия солона барои пойгоҳ 250 миллион доллар ҳаққи иҷора бипардозад.
XS
SM
MD
LG