Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Лавров аз ҳомиёни шӯришиён дар Сурия


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, кишварҳои ҳомии шӯришиён дар Сурияро интиқод кард ва гуфт, ки онҳо Сурияро ба “вартаи амиқтари хунрезӣ мекашонанд.” Сергей Лавров зимни суханронӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, ҷанг дар Сурия боя аз роҳи оташбаси фарогир, раҳоии зиндониён ва кӯмакҳои башарӣ хотима дода шавад. Ба гуфтаи аз ин роҳ метавон шароит барои муколамаи тарафҳо дар Сурияро фароҳам кард. Русияро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо монеъ шудан ба қабули қатъномаи сахтгирона алайҳи режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, монеъи хатми ҷанг мешавад. Аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар 18 моҳи пеш, дар ин кишвар то кунун 30 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG