Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба финали Ҷоми раиси AFC роҳ ёфт


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ба даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC роҳ ёфт.

Дастаи "Истиқлол" шоми ҷумъаи 28-уми сентябр дар дидор бо тими "Пномпень Краун»"-и Камбоҷа, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 6 бар сифр ба пирӯзӣ расиданд.

Голҳоро ба дарвозаи меҳмонон Дилшод Восиев, 26 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 47 (2:0). Умедҷон Шарипов, 52 (3:0). Иброҳим Рабимов, 58 (4:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 76 (5:0) ва Иброҳим Рабимов, 90+1 (6:0) заданд.

Ҳамин тариқ дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» дар садри ҷадвал қарор гирифт ва рӯзи шанбеи 30-юми сенябр дар бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мегардад, бо дастаи «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин рақобат хоҳанд кард.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар дидори қаблӣ, футболбозони "Дордой"-и Бишкекро бо ҳисоби 2 бар сифр шикаст дода буд.

Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012, рӯзи, 24-уми сентябр, оғоз ёфт, то 30-юми ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ идома меёбад. Ба дастаи ғолиби Ҷоми раиси АФК 50 ҳазор доллари амрикоӣ, ба дастаи дар финал мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, порсол ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист.

Дастаи «Тайван Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.
XS
SM
MD
LG