Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла болои зиндони Тикрит 15 кас кушта шуданд


Маҳбаси Тикрит
Маҳбаси Тикрит
Бар асари як бархӯрди мусаллаҳона дар маҳбаси шаҳри Тикрити Ироқ камаш 10 афсари полис ва 5 зиндонӣ кушта шуданд. Маҳбаси Тикрит, воқеъ дар шимоли Бағдод, шаби панҷшанбе ба тасарруфи ҷангҷӯён гузашта буд. Баъд полис маҳбасро ишғол кард, вале дар ин байн камаш 81 маҳбус фирор намуданд. Моҳи июл созмони Давлати Исломии Ироқ, ки шохаи ал-Қоида ба шумор меравад, эълон карда буд, ки ҷанг барои тасаррруфи минтақаҳоро оғоз мекунад. Дар як паёми дигари ин созмони ҷиҳодӣ гуфта шудааст, ки онҳо болои додрасҳову додситонҳо ҳамла карда, саъй мекунанд, маҳбусонро аз зиндонҳо берун бароранд.
XS
SM
MD
LG