Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худоҳофизӣ бо телевизорҳои кӯҳна, "диҷитал" дар мекӯбад!


Мумкин аст, ба зудӣ 80 дарсади сокинони Тоҷикистон аз тамошои телевизионҳои маҳаллӣ маҳрум шаванд.

Гузариш ба пахши рақамии намоишҳои телевизионӣ сокинони Тоҷикистонро маҷбур хоҳад кард, аз баҳри телевизорҳои оддии хеш бароянд ё ҳадди ақал дастгоҳи махсуси қабули мавҷ харидорӣ кунанд. Ин харҷест байни 70 то 500 доллари амрикоӣ, ки барои аксари хонаводаҳо гаронӣ хоҳад кард.

Ивар Вики, сафири САҲА (ОБСЕ) дар Тоҷикистон гуфт, пажӯҳише дар ин замина нишон дода, ки 97 дарсади хонаводаҳои тоҷик телевизор доранд ва 80 дарсади аҳолӣ тамошобини фаъоли барномаҳои телевизиониянд. Аммо 67 дарсади сокинон ба ғайр аз тамошои 6 шабакаи маҳаллӣ дигар интихоб надоштаанд. Сафири САҲА мегӯяд, баъд аз соли 2015-ум, вақте ки Тоҷикистон чун ҳама кишварҳои дунё пурра ба пахши рақамӣ мегузарад, ин рақамҳо метавонанд ба таври назаррас тағйир ёбанд.

Ивар Вики
Ивар Вики
"Гузариш ба пахши рақамӣ ба ҳар як сокини кишвар дахл хоҳад кард ва аз ин рӯ барои ин давраи гузариш бояд ҳама омода бошанд",-гуфт сафири САҲА. Вай илова кард, "агар фанноварии нав нодуруст роҳандозӣ шавад, бисёре аз экранҳои телевизорҳои сокинони Тоҷикистон торик гардида, шумори аъзами онҳоро аз тамошои барномаҳои телевизион дар шакли нав маҳрум мекунад. Аз ин рӯ, миллион тамошобини тоҷик бояд огоҳ ва онҳо бовар карда шаванд, ки каме маблағ сарф карда телевизори нав ё мавҷқабулкунандаи рақамӣ харидорӣ кунанд."

Бисёре аз созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, барои омодагӣ ба телевизиони рақамӣ, бояд қабл аз дигарон бозор ва бозоргонҳо омода шаванд ва маҳсулотеро ворид намоянд, ки боиси фиреб ва саргардонии мардум нашавад. Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Хома", мегӯяд, "масъалаи муҳим он аст, ки кадом намуди чунин асбобҳои мавҷқабулкунанда ворид мешавад. Дар Чин беш аз 40 коргоҳест, ки ба истеҳсоли ин дастгоҳ машғуланд. Муҳим аст, ки онҳо ба стандартҳои фаннии ширкати дастраскунандаи мавҷи рақамии Тоҷикистон мувофиқат кунанд."

Шаҳло Акобирова (Акс аз саҳфаи Фейсбук)
Шаҳло Акобирова (Акс аз саҳфаи Фейсбук)
Ин баҳсу баррасиҳо ва таъкидҳову пешбиниҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки бахши умдаи тамошобини тоҷик мегӯянд, ҳоло ки шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон на дар ҳама кунҷу канори кишвар пахш мешаванд, пас гуфтан душвор нест, ки баъд аз ҷорӣ шудани телевизиони рақамӣ вазъият чигуна хоҳад шуд. Бархе ҳам чандон нигарон нестанд ва мегӯянд, барои тамошои чаҳор шабакаи телевизиони маҳаллӣ, ки барномаҳои ҷолиб надоранд, маблағи иловагӣ сарф нахоҳанд кард. Онҳо бовар доранд, ки барномаҳои дилгиркунанда якҷоя бо ин таҳаввулоти техникӣ мардумро умуман аз телевизион дур хоҳад кард.

"Бе ин ҳам барномаҳои телевизион такрори барномаҳои телевизионҳои дигар ва якранганд. Боз ҳамеша консерт нишон медиҳанд. Консертро ман аз DVD ҳам тамошо мекунам",-мегӯяд як хонуми ҷавон, ки худро Мунира муаррифӣ кард.

Коршиносон мегӯянд, дар сурати нодуруст амалӣ шудани стратегияи гузариш ба пахши рақамӣ хатари дар халои иттилотӣ қарор гирифтани аҳолӣ ба вуҷуд меояд ва ин дар навбати худ ба амнияти иттилоотӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Коршинос Асомиддин Атоев гуфт, сокинон бо истифода аз имконоти телевизорҳои нав ва ё қаблукунакҳои мавҷи рақамӣ, метавонанд зиндагиашонро роҳаттар намоянд: "Онҳо метавонанд, интихоб кунанд шабакаҳоеро ки мехоҳанд тамошо кунанд. Яъне шумори шабакаҳо зиёд мешавад. Баъдан вобаста ба вақт, агар Шумо серкор бошед, метавонед дар мавҷқабулкунак барномаи дилхоҳатонро сабт кунед ва бегоҳ онро баҳузур тамошо кунед. Телевизор ба як компютер табдил меёбад."

Асомуддин Атоев
Асомуддин Атоев
Дар давраи аввали гузариш ба пахши рақамӣ ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" барои пахши барномаҳои "Шабакаи аввал", "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо" фиристандаи пахши рақамиро дар саросари навоҳии кишвар насб мекунад. Хуршед Ҳабибов, муовини аввали директори генералии "Телерадиоком", гуфт, дар шакли рақамӣ барномаҳои телевизион тавассути дастгоҳи вижа, ки "Мултиплекс" ном дорад ва аз имкони ғунҷоиши 16 шабакаи телевизионӣ бархӯрдор аст, пахш мешаванд. Феълан ба ин асбоб 4 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 6 шабакаи хориҷӣ ба таври санҷишӣ ворид шудааст. Ба гуфти Хуршед Ҳабибов телевизионҳо ба ин асбоб дар асоси шартнома ва бо пардохти маблағи муайян, ки нагуфт чӣ қадар аст, пайваст мешаванд.

Дар Тоҷикистон 57 канали телевизион ва радио амал мекунад, ки аз он 18-тояш давлатӣ аст. Фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон мегӯянд, аз байн бардоштани муҷаввиз барои истеҳсоли маводи аудио ва визуалӣ метавонад, рақобатро дар бозор гармтар ва зиндагии сокинонро рангинтар созад. Вале он ҳам дар ҳоле ки мардум битавонад харҷи гарони табдили телевизионҳои худ ё хариди дастгоҳи махсусро бардорад.
XS
SM
MD
LG