Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи эътирозгарон ба дипломати эронӣ дар Ню Йорк


Ромини Меҳмонпараст аз сӯи норозиёни сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ню Йорк мавриди ҳамла қарор гирифт.

Гурӯҳе аз тазоҳуркунандагон сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпарастро дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк муҳосира ва таҳдид карданд.

Меҳмонпараст аз пулис ёрӣ хост ва пулис ӯро то ҷойи амн ҳамроҳӣ кард. Моҷаро соате баъд аз нутқи раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ва дар ҳоле ба амал омад, ки ҳазорон нафар бо эътироз аз сафари ӯ дар назди бинои СММ ҷамъ омада буданд.

Ҳамлаи тазоҳуркунандагон ба дипломати эронӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
XS
SM
MD
LG