Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қазоқ русҳоро маҷрӯҳ намуданд


Мансабдорони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон иброз доштаанд, ки ҳафт шаҳрванди Русия ба хотири убури ғайриқонунии марзи Қазоқистон боздошт шудаанд. Ба гуфти ҳамин манбаъ чархболи марзбонони қазоқ қаиқҳои русҳоро дар обҳои дохилии Қазоқистон дар баҳри Каспий пайдо кардаанд. Ба навиштаи расонаҳо қаиқҳои шаҳрвандони Русия ба тақозои таваққуфи марзбонони қазоқ гӯш надода, саъй намуданд, аз ҷои ҳодиса фирор кунанд. Марзбонони қазоқ ба тарафи қаиқҳо оташ кушода, ду шаҳрванди Русияро маҷрӯҳ намудаанд. Ба қавли мақомоти Қазоқистон маҷрӯҳон ба бемористон интиқол ёфтаанд ва ҳоло масъалаи боз шудани парвандаи ҷиноӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG