Ҳомиёни сулҳ, ҳуқуқи башар ва муҳити зист ба гирифтани ҷоизаи Right Livelihood Awards, ки ҳамчун ҷоизаи алтенативии Нобел машҳур аст, сазовор дониста шуданд. Сиёсатшиноси амрикоӣ Ҷин Шарп 150 ҳазор евроро бо ҳомии ҳуқуқи афғон хонум Симо Самар ва Ташаббуси британиявии зидди фурӯши силоҳ тақсим мекунад. Шарпи 84-сола муаллифи дастуре зери унвони “Аз диктатура ба демократия” мебошад, ки муборизаи бидуни хушунатро тарҷеҳ медиҳад. Хонум Самари 54-сола барои садоқаташ ба ҳимоят аз ҳуқуқ ва ба вижа ҳуқуқи занон дар нуқтаҳои доғи олам ба ин ҷоиза ноил гаштааст. Ҳомии муҳити зист аз Туркия Хайриддин Карача ба гирифтани ҷоизаи фахрӣ сазовор дониста шуд. Карача 90-сола аст. Аслан башардӯсти олмониву шведӣ Якон фон Уекскул ин ҷоизаро дар соли 1980 ташкил намуда, корҳоеро пешбарӣ кардааст, ки ба фикри ӯ аз назари Бунёди Нобел дур мондаанд.
Барандагони ҷоизаи алтернативии Нобел эълон шуданд
